Сайёҳон ба ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи хос доранд

Сайёҳони машҳуре аз қабили Марко Поло, Гилом Рубак, Клавиҳо Рюи Гонсалес, Ефемов Ф. ва дигарон бардошт аз ҳунарҳои мардуми тоҷикро дар сафарномаҳо ва асарҳои этнографии худ на танҳо зикр кардаанд, балки дар бораи баъзе аз онҳо маълумоти муфассал овардаанд.  Чунончи Марко Поло дар китобаш дар бораи ҳунару либосҳое, ки мардуми кўҳистони Помир ба бар мекардаанд, чунин гуфтааст: «Дар он ҷо одамон камонварони олидараҷаанд, бисёртар либосҳои аз пўсту пашми ҳайвонот омодашударо, ки арзиши баланд доранд, ба бар мекунанд».  Ҳунарҳои дастӣ бештар барои инъикоси фарҳанг, расму русуми мардум матраҳ мешаванд, зеро як бахши муҳиме аз заруриятҳои зиндагии рўзмарраи  халқ ҳастанд.

Намунаи ҳунарҳои мардумии ҳар як миллат ҳама вақт диққатҷалбкунанда буда, бинобар ин онҳо як воситаи  хубе барои ҷалб намудани таваҷҷуҳи одамон, муаррифии фарҳангу одоб ва ҳунару истеъдоди халқиятҳои ҷаҳон ба шумор мераванд. Бояд гуфт, ки нуқтаи назари сайёҳон ва муносибати онҳо ба ҳунарҳои мардуми гўшаву канори ҷаҳон мақсади асосии онҳост. Сайёҳӣ яке аз роҳҳои беҳтарини шиносоӣ бо фарҳанги мардуми ҷаҳон аст.