Сиёсати фарҳангӣ омили субот ва пешрафти ҷомеа

Аз замоне, ки сарвари давлати тоҷикон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимоми давлати Тоҷиконро ба дўш гирифт, оҳиста-оҳиста тамоми паҳлуҳои гуногунҷанбаи давлат ба тағйиру тараққӣ ва таҳаввулоти назаррас  рў овард. Аз ҳама таҳаввули бесобиқа ва фаромӯшнопазири таърихӣ, пас аз омадани чунин шахсияти бохирад, баҳамойиву бунёд, сулҳу субот ва таҳкими кишвари парокандаву парешон ва дар вартаи фано қарордошта маҳсуб мегардад, ки мислашро таърихи халқи тоҷик шоҳид нагаштааст. Ҳифз ва барқарор сохтани аркони шикаста, аммо ба тамом наафтодаи давлат, аз нахустин иқдомоти босуръати Ҷаноби Олӣ ба ҳисоб меравад, ки шоёни зикру тақдир мебошад. Қобили зикр аст, ки сарвари давлат бозсозиро дар як они воҳид тавассути ду ҷабҳа шурӯъ намуданд, ки он неруи моддӣ ва маънавиро дар бар мегирад. Дар идораи давлат неруҳои маънавиро асоси маъхази сиёсати хеш қарор дода, баҳри таҳкими давлати фурӯпошида чанд андозае, ки ба қувваҳои моддӣ такя менамуд, аз он бештар ба қувваҳои маънавӣ низ эътимоди комил варзид. Бояд гуфт, ки такягоҳи маҳкам ва устувори ӯ дар барқарорсозии давлат, бегумон илму маърифат, хиради азалии ниёгон ва аз ҳама асосӣ фарҳанги воло ва созандаи миллати тоҷик буд.